Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии СААД иштирок намуданд

3 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шуро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин доир гардид, масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки фаъолияти муштараки давлатҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба самарабахшии ҳамкории байнидавлатӣ дар таъмини ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки дар замони шиддат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ афзалияти тавсеа ва баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ дар доираи Созмон меафзояд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон ҷалб карда, таъкид намуданд, ки вазъияти мураккаби ин кишвар метавонад барои минтақаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оқибатҳои манфии дарозмуддат дошта бошад.

Зимни суханронӣ ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти амалӣ намудани тадбирҳои муштаракро бобати таъмини амнияти фазои иттилоотии Созмон ва пешгирии истифодаи ғаразноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ зарур шумориданд.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.