29 май ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Италия», ки дар қолаби С5+1 дар шаҳри Рим баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, обу энергетика, муҳити зист, нақлиёт, сайёҳӣ ва маориф, инчунин мавзуъҳои мубрами ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва Ховари Миёна мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамзамон дар остонаи нишаст ҷаласаҳои алоҳида дар мавзуъҳои обу энергетика, нақлиёт ва маориф доир гардиданд, ки дар онҳо намояндагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз: АМИТ «Ховар»