ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН

Дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 майи соли 2024 Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи  «Масъалаи рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.  Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳои давлатӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат доштанд.

Дар конфронс асосан оид ба дастгириҳои давлатии соҳибкории занон, ҷудо гардидани грантҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо, кўмак намудан барои таҳияи бизнес-нақшаҳо ба бонувон, дастрасии онҳо ба захираҳои қарзиву молиявӣ, мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини рушди соҳибкории бонувон таваҷҷуҳ  дода шуд.

Тибқи омори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 356 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродии амалкунанда, 85 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 172 ҳазору 108 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ  38 ҳазору 927 нафар занон мебошанд.

Барои дастгирии бонувон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад. Агар дар оғоз ин маблағ 1 млн. сомонӣ ва барои 40 лоиҳа ҷудо мешуд, ҳоло бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 млн сомонӣ барои 120 лоиҳа ҷудо карда мешавад, ки ин ба раванди соҳибкорӣ такони ҷиддие хоҳад  бахшид.

Ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок яке аз василаи баланд бардоштани иқтидори иктисодии занону бонувон ба ҳисоб меравад ва тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкии кишвар бо ҷалби маблағҳо аз институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имконоти дохилӣ муҳлат ва фоизи қарзҳоро тағйир додааст. Соли 2024 қарзҳои ба соҳибкорзанон пешниҳодшуда 30 фоиз  афзоиш ёфта, ба 4,8 млрд сомонӣ расонида шуд.

Намояндагони низоми бонкии кишвар дар конфронс таъкид доштанд, ки бонувон нисбат ба мардон дар самти баргардонидани қарзҳои бонкӣ масъулиятшинос буда, ҳамкорӣ бо онхо осонтар аст ва ин эътимоднокиро афзуда, дар оянда нақшаҳои додани қарзро ба бонувон бештар кардааст.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорон пешниҳод намуданд, ки ҳарчи бештар бояд занони соҳибкорро дастгирӣ намоем. Зеро тавассути соҳибкорӣ бонувон ҳам вазъи молиявии худро беҳ месозанд, ҳунарҳои мардумиро рушд медиҳанд ва ҳам фарзандони худро тарбия мекунанд.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”