Фазои фарҳангии ҳар як халқу давлатро бе филм тасаввур кардан имкон надорад. Зеро маҳз филми хуб метавонад муаррифгари таърих, фарҳангу санъат ва тараннумгари маданияти кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аммо дар кишвари мо ба ғайр аз МД “Тоҷикфилм” қариб, ки дигар студияи хусусие нест, ки филмҳои касбӣ ба навор гирад. Аз ин хотир рақобат вуҷуд надорад ва дар ҷойе, ки рақобат набошад пеш рафтани соҳа суст мегардад. Ҳамин аст, ки қисме аз ҳунармандон синаморо раҳо карда, ба дигар кор машғул мешаванд.
Синамо яке аз соҳаҳои ҷолиб ва сердаромад ба ҳисоб меравад. Вале имрӯз таҳиягони филму синамои мо аз ин соҳа қариб, ки даромад ба даст намеоранд. Ин ҳолат сабабу омилҳои гуногун дорад. Баъзе аз таҳиягарони филм сабаби ҷой доштани ин ҳолатро дар набудани продюсерҳо ва сармогузорони ин соҳа медонанд. Мушкилоти дигар ин набудани кадрҳои ҷавобгу ба талаботи синамо мебошад. Гарчанде, ки Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамасола кадрҳои зиёде дар ин соҳа омода менамояд, вале на ҳамаи онҳо ҳамчун актиёр ва коргардон фаъолият менамоянд. Ба андешаи Рустам Воҳидов мудири кафедраи режисиёрҳои Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сабаби ба дигар кор рӯ овардани актиёрон ин кам будани маош аст, вагарна хатмкунандагони донишкада истеъдоди баланди нақшофарӣ доранд.
Муҳиддини Музаффар коргардони шинохтаи кишварамон мегӯяд, ки ҳамчун коргардон дар пайдо ва интихоби ҳунармандон хеле азоб мекашад. Ба андешаи ӯ ҷой доштани ин ҳолат дигар омилҳо низ дорад. Аввалан ки дар кишвари мо бисёр духтарҳои боистеъдод ҳастанд, ки хонаводаашон барои нақшофари дар филм иҷозат намедиҳанд. Баъдан дар як сол 50 филм сабт карда намешаванд, ки ҳунармандони театри мо рафта, дар майдони навор тамрин гиранд. Ба таъкиди Муҳиддини Музаффар мо танҳо дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ихтисоси “Ҳунарманди теату синамо” дорем, ки ба таёр кардани ҳунармандон машғул аст, ва он бештар ҷамбаи театрӣ дорад. Синамо бошад бо хусусиятҳои хоссаи худ аз театр фарқ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки мушкилоти имрӯзаи кинои тоҷик танҳо бо норасоии кадрӣ тамом намешавад. Тули чанд сол аст, ки МД “Тоҷикфилм” Пичинг – пешниҳод ва баррасии лоиаҳои филмро баргузор мекунад, вале натиҷае намедиҳад. Соли гузашта баъд аз анҷоми Пичинг мухлисони кино умедор буданд, ки ҳадди ақал ба тамошои нахустнамоиши даҳ филми нав мераванд, амммо нашуд.
Бояд қайд намуд, ки дар замони рушди техникаву техналогия ва раванди ҷаҳонишавӣ, кино яке воситаҳои асосии мубориза баҳри зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Инчунин пешрафти соҳаи кино барои рушди соҳаҳои дигари вобаста ба он ҳам имкон фароҳам меорад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”