Рақибони Тоҷикистон дар қуръакашии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футзал 2024 муайян шуд

Бар асоси натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаи ташкил карда мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи Е ҷой гирифта, бо тимҳои Португалия, Панама ва Марокаш бозӣ хоҳад кард.

Тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Даҳумин чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.