Кормандони Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ба ҷуз назорат корҳои тарғиботиро низ чӣ тариқи мулоқоти рӯ ба рӯ ва чӣ тариқи воситаҳои ахбори омма дар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизон вусъат медиҳанд. Бештар вобаста ба садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу бум, шароитҳои хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд, ки ҷавонон хизмати ҳарбиро бе нуқсон, бо сари баланд адо намоянд.
АЗ МУҚОИСАВУ МУШОҲИДАҲО
– Агар муқоиса намоем, иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонони вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ назар ба соли пешин куллан беҳтар аст. Ин натиҷаи суҳбату вохӯриҳо, корҳои оммафаҳмонӣ, фаъолияти дурусти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссариатҳои ҳарбӣ мебошад, ки имрӯз сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ афзуда, нақшаи даъват пеш аз муҳлат иҷро мешавад. Ҳамзамон лозим ба зикр аст, ки шароити қисмҳои ҳарбӣ чӣ аз ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникӣ ва чӣ таъминоти хӯрокӣ, либосӣ ва дигар лавозимот рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Албатта, дар ин самт пеш аз ҳама саҳми бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад, – мегӯяд Тоҳирзода Наврӯз, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҳармоҳа дар қисму воҳидҳои ҳудудии худ суҳбату мулоқот, машғулиятҳои семинарӣ доир менамояд, ки албатта ба рафти хизмат, пешгирӣ аз ҷинояткорию вайрон намудани қоидаҳои оинномавӣ таъсири амиқ дорад. Илова бар ин дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Адлияи вилояти Хатлон нақшаи муштарак таъсиқ намуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки зиёиён ва дигар фаъолон вохӯриҳо доир менамоянд. Дар вохӯриҳо оид ба мавзӯи садоқат ба Ватан, болоравии ҳисси ватандӯстӣ, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани ҷавонон, шароити имрӯзаи хизмат дар қисмҳои низомӣ сухан гуфта мешавад.
МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАРБИЯВӢ–СИЁСӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Чуноне Тоҳирзода Наврӯз, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар гуфт, реҷаи будубоши сарбоз дар асоси Оиннома нақшабандӣ мешавад. Яъне фаъолияти сарбоз дар чаҳорчӯбаи талаботи Оиннома ба нақша гирифта шудаст. Аз ҷумла, бо гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дарсҳо, машқҳои тактикӣ ва ғайра. Албатта, дарсҳои тарбиявӣ-сиёсӣ дар мадди авал аст ва он аз ҷониби афсарони соҳибтаҷрибаи маълумоти олидори ҳарбӣ, инчунин, дагар афсароне, ки аз раёсатҳо, вазоратҳо даъват мешаванд, доир мегарданд. Чунин машғулиятҳо натанҳо ба сарбозон, балки ба афсарон низ омӯзонида мешаванд.
Аз тарафи кормандони прокуратураи ҳарбӣ бевосита оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди гарнизон назорат бурда мешавад. Ба ғайр аз вохӯрию мулоқот ва суҳбатҳои инфиродӣ, ҳамчунин, санҷишҳои ногаҳонӣ низ гузаронида мешавад, аз ҷумла азназаргузаронии бадан, вазъи таъминоти хӯрокӣ дар ошхонаҳо. Дар ин росто ҳангоми ҳозир шудани волидайн бо онҳо низ суҳбатҳо гузаронида мешавад.
ҶИНОЯТКОРӢ КОҲИШ ЁФТАСТ
– Дар қиёс ба солҳои гузашта сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, латукуби сарбозон қариб ба мушоҳида намерасад. Ман фикр мекунам, ки ин ҷо саҳми бевоситаи кормандони Прокуратураи ҳарбӣ муассир мебошад. Зимни суҳбатҳо сарбозон низ аз чунин амалҳо шикоят намекунанд. Саволҳояшон тамоман дар мавзӯи дигар аст, бахусус вобаста ба илму дониш, ҳамчунин ба соҳаҳои ҳуқуқ бештар пурсиш мекунанд, ки ин натиҷаҳои хеле хуб мебошад.
Дар соли 2024 мо суҳбату вохӯриҳоямонро назар ба солҳои пешин зиёд намудем, яъне ба хотири болоравии маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ. Ҳозиршавии мо бо дигар намояндагони соҳаҳои дахлдор ба қисмҳои ҳарбӣ зиёд шудааст. Мусалам аст, ки агар хизматчиёни ҳарбӣ бевосита аз қонунҳо хабардор бошанд, ба қонунвайронкунии талаботи Оиномаи ҳарбӣ роҳ намедиҳанд, – мегӯяд Тоҳирзода Наврӯз.
МУРОҶИАТҲО ҲАСТАНД, АММО…
Чуноне мусоҳибамон Т. Наврӯз гуфт, тибқи супориши сарпурокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбӣ, бахусус дар утоқи дидорбинии волидайну сарбоз, дар даромадгоҳи қисми ҳарбӣ рақамҳои телефонҳои боварии кормандони прокуратура гузошта шудааст, ки ягон мушикиле пеш ояд, сарбозону волидайни онҳо бе мамоният дар тамос мешаванд, вобаста ба проблемаи ҷойдошта муроҷиат менамоянд.
–Муроҷиатҳо ҳастанд, аммо хушбахтона, на шикоят, балки бештар вобаста ба рухсатӣ рафтан мебошанд, аз ҷумла сарбозоне, ки оиладор ҳастанд. Дар ин росто мо кӯшиш мекунем, ки талаботҳои оинномаро ба онҳо фаҳмонем.
Мо содиқ ба Ватан, содиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳастем ва бовар мекунонам, ки ҳудуди гарнизони ҳарбии Бохтар таҳти назорати ҷиддӣ ва дорои шароити хуб қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбии минтақа сарбаландона рисолаташонро адо намуда истодаанд ва баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омодаянд, – мегӯяд Т. Наврӯз.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”