22 майи соли 2024 дар қароргоҳи СММ кишварҳои узв нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии Футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардида буд. Ин маъракаи таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома – намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шудааст. Дар ин бора Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши мазкурро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ намуд. Дар суханронии худ, намояндаи доимии кишвар ҳозиринро ба нахустин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда, аҳаммият ва нақши ин варзишро дар саросари ҷаҳон таъкид кард. Дар ин росто қайд гардид, ки футбол на танҳо як варзиш аст, балки як нерӯи тавоно барои некӣ мебошад. Он ба тавсеаи ҳамкориҳои дастаҷамъона, эҳтироми якдигар ва ҳамчун нерӯи тавоно дар тақвияти равобити тамоми қишри ҷомеа нақши муҳим мебозад. Футбол ҳамчун як омили муҳим берун аз майдон, ба рушди иқтисодӣ, тандурстӣ ва некӯаҳволӣ мардум мусоидат карда, ҳамчун воситаи дипломатия ва табодули фарҳангӣ хидмат менамояд.
Ҷонибек Ҳикмат дар фарҷоми баромади худ аз кишварҳои узви СММ ҷиҳати истифодаи қудрати футбол барои муттаҳидшавӣ, ҳавасмангардонии дубора, аҳаммияти сармоягузорӣ ба зарфият ва инфросохтори ин варзиш, мусоидат барои таъмини дастрасии васеъ, дастгирии мураббиёни соҳа, ба вежа омода кардани ситораҳои оянда даъват ба амал овард.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони доимии Малта, Марокаш, Қатар, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Муғулистон, Тунис, Франсия, Италия, Маҷористон, Покистон, Малайзия, Аргентина, Баҳрайн ва инчунин Президенти Маҷмаи Умумии СММ Деннис Френсис, Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Кортеней Рэттарри, ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Навид Ҳаниф ва хонум Ҷанет Ривера, узви собиқи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Доминикан суханронӣ намуда, саҳми ҳаммуалифони қатъномаи мазкурро, ки он барои рушди варзиш дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард, баланд арзёбӣ намуданд.
Илова бар ин навори ведоии (табрикотӣ) Президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва ситораҳои футболи ҷаҳонӣ Марко Тардели, Ҷанлуиҷи Буффон ва Лаура Стефани Ҷорҷ (котиби генералии Федератсияи футболи Франсия, собиқ футболбози тими занонаи Франсия) дар нишасти мазкур пахш гардид.
Ҷ. Инфантино зимни суханронии худ барои пешниҳод ва татбиқи ин қатънома ба Тоҷикистон, Либия, Баҳрейн ва дигар ҳамуаллифон изҳори миннтадорӣ намуда, нақши боризи онро дар рушди минбаъдаи футбол қайд кард. Илова бар ин ӯ пешниҳод намуд, ки дар соли оянда Ҳафтаи футбол дар ҳошияи “Рӯзи байналмилалии Футбол” ташкил карда шавад.
Марко Тардели, Ҷ. Буффон ва Лаура Стефани Ҷорҷ низ саҳму талошҳои ҳаммуаллифонро дар ин масир баланд арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии расмӣ ташкилкунандагон пешниҳод намуданд, ки дар СММ Гурӯҳи дустони футбол таъсис дода шавад. Ҳозирин ин таклифро бо хушнудӣ пазируфтанд. Мақсади таъсиси додани платформа ба таъмини абзори марбута ҷиҳати баррасии масъалаҳои ташвиқу тарғиби ин варзиш ҳамчун омили муттаҳидкунада, нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкориҳои шарикӣ, дар ин замина ташкили чорабиниҳои мухталиф дар ин соҳаҳо ба шумор меравад.
Пас аз анҷоми қисми расмии ин чорабинӣ, дар қароргоҳи СММ мусобиқаи футболи хурд бо иштироки чаҳор гурӯҳ, аз ҷумла Осиёи, Амрикои Лотинӣ, Аврупо ва Африқо ташкил карда шуд. Маросими кушодашавии чорабинии варзиширо Президенти МУСММ Деннис Франсис ҳусни оғоз бахшид.