Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳалокати як шаҳрванди Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 22 майи соли 2024 соати 12:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ хабар расидааст, ки дар селгузари деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара як шаҳрванди хориҷӣ ғарқ шудааст.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, маълум карданд, ки ин ҳодиса замоне рух додааст, ки донишҷӯён оббозӣ мекарданд. Дӯстонаш гуфтанд, ки бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ғарқ шуд.
Соати 18:20 дақиқа ғаввосон ҷасади донишҷӯро аз об берун оварданд.
Маълум гардидааст, ки ӯ сокини шаҳри Керолои кишвари Ҳиндустон буда, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино таҳсил мекардааст. Ҷасади марҳум барои ташхис ба кормандони милитсия супурда шуд.