Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион Лолахон Сатторӣ аз олам даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки Лолахон Сатторӣ (тав. 1956, н. Фархор), наттоқи машҳури тоҷик, хатмкардаи факултети ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе мебошад, аз соли 1982 то соли 1992 наттоқи радиои тоҷик буд, садои гиро ва ширадор дошт, табиӣ сухан мегуфт, сомеъонро бо равишҳои гуногун зери таъсир мегузошт. Аз соли 1993 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи «Тоҷиккино», мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик, директори «Тоҷикфилм», раиси иттифоқи касабаи Кумита хидмат намудааст.
Гўянда, баранда, шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон мебошад. Чун шахсият дар амалӣ намудани сиёсати сулҳҷўёнаи мақомоти олии роҳбарии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассоси солҳои 1994-1998 нақши созанда бозидааст.
Бо садои номбурда даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд. Бо унвони «Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Роҳбарият ва ҳайати эҷодии Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он бинобар вафоти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион Лолахон Сатторӣ ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд.