Баргузории форуми байналмилалӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе

Имрӯз дар МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмиллалии Рушди сармояи инсонӣ бо ширкати намояндагони 56 давлати дунё тариқи маҷозию ҳузурӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ оғоз гардида, ширкаткунандагони Форумро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки баргузории Форум платформаест барои баррасии рушди сармояи инсонист миёни кишварҳои Осиёи Марказист.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин дар рафти Форуми тазаккур дода шуд, ки воқеан роҳандозии ин гуна ҳамоиши сатҳи баланд муҳим ва саривақтист ва зарур шуморида шуд, ки баргузории он ҳамасола сурат гирад.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”