Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии дохилӣ ва хориҷӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 май мақолае бо номи “Талко. Авлавият ба истеҳсоли маҳслуоти рақобатпазир” чоп карда, натиҷаи фаъолияти ин корхонаи бузурги саноатиро баррасӣ кардааст. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023 66 649 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд мебошад.
Дар идома зикр мешавад, ки теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири моҳи марти соли 2024 211 ададро ташкил дод ва дар 3 моҳи аввали соли 2024 дар ин ширкат 19 адад электролизёр ба кор андохта шуд. Инчунин соли 2024 тармим ва ба кор андохтани 96 электролизёр ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, корхонаи мазкур истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25 дарсад нисбат ба соли 2023 зиёд хоҳад кард.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 апрел мақолае таҳти унвони “Пахтакорӣ. Рушди соҳа беҳбудӣ мехоҳад” чоп карда, менависад, ки тайи солҳои охир истеҳсоли пахта дар кишвар нисбат ба соли 1991 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Ба таъкиди нашрия агар соли 1991 дар Тоҷикистон 825 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда бошад, пас, ин нишондиҳанда соли гузашта ҳамагӣ 349 ҳазор тонна ва ҳосилнокии миёна дар 10 соли охир аз ҳар гектар 19,7 сентнерро ташкил додааст.
Дар идома зикр мешавад, ки сабабҳои асосии коҳиш ёфтани пахтакорӣ ин заҳматталаб будани парвариши он, гаронии нархи маводи истеҳсолӣ, аз қабили тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, техникаи кишоварзӣ, ба талабот ҷавобгӯй набудани системаи обёрии заминҳои корам ва сари вақт таъмин нагардидан бо оби полизӣ, бо нархи дилхоҳ фурӯхта натавонистани маҳсулоти истеҳсолшуда ва набудани дастгирии молиявӣ арзёбӣ мегардад.
Аз ҷумла ба гуфтаи профессор, доктори илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидзода, ҷиҳати ҳавасманд ва дилгарм намудани хоҷагиҳои пахтакор агар фурӯши як килограмм пахтаи хом дар кишвар ҳадди ақал то 14-15 сомонӣ муайян карда шавад, ин иқдом низ ба пешрафт ва боло бурдани ҳосилнокӣ аз ҳар гектар пахта мусоидат мекунад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 май хабар дод, ки ширкати «Разес Фарма» нақш дорад дар Тоҷикистон бо ҳазинаи 70 млн сомонӣ корхонаи бузурги истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ бунёд кунад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи рӯзи 1 май созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Разес Фарма» дар заминаи бунёди як коргоҳи азими дорусозиро тасвиб кард.
Хуршедаи Қодир муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки ширкати «Разес Фарма» бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид сохта, талаботи кишварро ба маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, маҳлулҳои даҳонӣ, малҳам ва сӯзандору дар ҳаҷми муайян таъмин хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани корхонат «Разес Фарма» талаботи Тоҷикистон ба намудҳои мухталифи дору ва молҳои тиббӣ таъмин шуда, воридоти ин намуди маҳсулот коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин замина зикр шуд, ки тиқби лоиҳа барои сохтмон ва ба истифода додани маҷмааи корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 70 млн сомонӣ сармоягузорӣ мешавад. Ҳамзамон дар корхоани мазкур зиёда аз 200 ҷойи корӣ фароҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соли 2023 дар ин кишвар 61 корхона 571 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ тавлид кардаанд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон соли 2023 зиёда аз 95 миллион ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 5 миллион адад зиёд мебошад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш аз норасоии адабиёти бачагона дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф мутаассифона, то ҳол дар аксар муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои бачагонаи шаҳру ноҳия ва деҳоти кишварамон дар таъмини кӯдакону наврасон бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ мушкилиҳо ҷой доранд. Хабарнигори рӯзнома дар рӯзҳои баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ин масъаларо ба мушоҳида гирифт.
Ба таъкиди хабарнигори нашрия, чунин вазъ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва шаҳри Нораку ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба назар мерасад, ки масъулони шаҳру ноҳияҳои зикршуда сабаби асосии онро дар набудани маблағ ва дастрас набудани китобҳои нави бадеии кӯдакона маънидод мекунанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 май бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки “Боғи нави ҳайвонот. Чаро бунёди он кашол меёбад?”. Муаллиф менависад, ки нақшаи сохтмони боғи нави ҳайвонот дар Душанбе ҳанӯз соли 2020 эълон шуда буд ва қарор аст ин боғ дар роҳи Варзоб, дар назди терминали Чорбоғ бунёд хоҳад шуд.
Аммо хабарнигори нашрия зимни боздид аз ин мавзеъ омадем, ҳеҷ нишонае аз оғози корҳои сохтмони боғи нави ҳайвонотро мушоҳида накард. Муаллиф ёдовар мешавад, ки тибқи лоиҳа масоҳати умумии боғи ҳайвонот 13 гектар буда, дар он 1500 намуди ҳайвонот, парандагон ва хазандагон ҷойгир хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе бошад соли 1960 бунёд гардида, дар ин макон 135 навъи ҳайвонот нигаҳдорӣ мешаванд ва айни замон он ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.
“Масъалаи ба макони дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонот қариб 10 сол аст, ки ҳалли худро намеёбад. Шояд шаҳрдорӣ ба ин масъала равшанӣ меандозад.”- таъкид кардааст муаллиф дар фарҷоми матлаб.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 май бо нашри матлабе хабар дод, ки дар давоми 30 соли охир миқдори чанг дар Осиёи Миёна 7 фоиз афзуд ва сабаби асосии он хушкшавии баҳри Арал аст.
Муаллифи матлаб бо такя ба таҳқиқоти як муассисаи пажуҳишии Берлин менависад, ки давоми солҳои 1984-2015 партоби чанг аз биёбони баҳри Арал қариб ду баробар – аз 14 то 27 миллион тонна афзудааст.
Дар идома таъкид мешавад, тибқи иттилои обуҳавошиносони Тоҷикистон дар соли 2023 тақрибан дар ҳар дувуним рӯз сокинони кишвар бо туфони чангу ғубор рӯбарӯ шуданд. Гуфта мешавад, ки танҳо дар шаҳри Душанбе соли гузашта 93 рӯз тӯфони чангу ғубор мушоҳида шуда буд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”