2 майи соли 2024 дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати омодагӣ ба 15-умин Саммити исломии дарпешистода баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар кори ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок намуд.