Тантанаи иди ҷудо имрӯз дар шаҳри Душанбе барпо мешавад

Имрӯз, 3 май дар маҷмааи Қасри теннис ва варзишҳои обӣ-и шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи мӯҳташами Grand-Slam баргузор мешавад. Дар мусобиқа наздики 70 кишвари иштирокчӣ ба қайд гирифта шудааст ва шумораи варзишгарон 390 (204 мард, 186 бону) ташкил медиҳад.

Рақобатҳо дар рӯзи аввали миёни вазнҳои -60, -66 кило миёни мардҳо ва -48, -52, -57 кг байни бонувон доир мешаванд.

Кишвари моро дар рӯзи аввал варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд:

Мардҳо:

Вазни -60 кг: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода, Ҳақдод Гулов.

Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон.

Бонувон:

Вазни -48 кг: Райҳона Розиқзода.

Вазни -52 кг: Аҳлия Мӯъминова, Насиба Карликова, Мадина Қурбонзода.

Вазни -57 кг: Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи Grand Slam барои ба даст овардани холҳои олимпӣ имкон медиҳад. Дар ин асно ба ҳамаи варзишгарони тоҷик барору комёбӣ мехоҳем!

Некруз Сатторов,

Радиои Тоҷикистон