Бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил додааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати мудофиа хабар дода, таъкид намудааст, ки дар давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз баробар шудааст.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъватӣ дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят наздики 86 фоизро дар бар мегирад.
Ба иттилои манбаъ, новобаста аз он, ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбад, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аллакай 55 фоизи нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.
Бо ҳамин тартиб дар муддати як моҳ иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.