Иштирок дар раванди машварати оммавии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – омили муҳими баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Дар баробари ин, ҳолати мазкур метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калиди батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахсе ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.

Лозим ба таъкид аст, ки ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи иттилоотӣ – ҳуқуқӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз вазифаҳое мебошанд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст ва барои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида соли 2024-ум ва нақшаи чорабиниҳои он, пешбинӣ гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки дар замони муосир яке аз омилҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва имкони огаҳи ёфтани шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз ҷараёни баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонад, иштирок дар ҷараёни машваратҳои оммавӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешаванд, мебошад.

Портали интернетӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида таъсис дода шудааст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи ҷойгир кардани пешниҳодҳои худро вобаста ба ҷойгиркунии огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ бо риояи муқаррароти боби 4 Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2018-ум, №617 қабул гардид, пайдо мекунанд.

Дастрасии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар Портали интернетӣ бо суроѓаи  http://www.portali-huquqi.tj ҷойгир  карда шудаанд, барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ройгон амалӣ мегардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Портали интернетӣ метавонанд ҳаракатҳои бо ҷустуҷӯ, назаргузаронӣ, баргирифтан, чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилооти дастрас алоқамандро бо салоҳдиди худ амалӣ гардонанд.

Боиси зикр аст, ки яке аз қисматҳои муҳими гузаронидани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ин машваратҳои оммавӣ нисбати огоҳиномаи нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад. Мувофиқи ақидаи А.Н. Беляева ва В.А. Маршаков раванди машваратҳои оммавӣ экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳамчун таъминкунандаи ошкоро ва шаффофӣ раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ташкил намудани дастрасии маълумот ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва доираи шахсони маълумотгирандаро ташкил медиҳад.

Машваратҳои оммавӣ расмиёти баррасии пешниҳоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Мувофиқи ақидаҳои баъзе олимон, гузаронидани машваратҳои оммавӣ ҳамчун як «пайвандгар» дар бунёди давлатӣ демократӣ ва амалӣ намудани он ҳамчун падидаест, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд дар қабули қарор ба таври ҷиддӣ иштирок намоянд, лекин дар яке аз давраҳо ҳанчун машварати оммавӣ танҳо бо мақсади ибрози ақидаю андешаҳо ва ҷонибдории он, ки барои дар шакли муқарраршуда қабули он манфиатдоранд, ширкат меварзанд. Дар баробари ин, байни олимон оид ба гузаронидани машваратҳои оммавӣ ақидаҳои гуногун ҷой дорад. Аз ҷумла, А.А. Сулейков машварати оммавиро ҳамчун машварати ҷамъиятӣ-оммавӣ ва машварати байни мутахассисон ё коршиносон маънидод менамояд. Яъне, машваратҳои оммавӣ дар баробари байни аҳолӣ ва тарафҳои манфиатдор гузаронидан, инчунин миёни коршиносон оид ба баррасии лоиҳаи пешниҳодшуда, гузаронида мешавад.

Бо дар назардошти гуфтаҳои болозикр бояд қайд кард, ки машваратҳои оммавиро ҳамчун қисмати калидии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ номидан мумкин аст, зеро он аз баррасии шаффофияти пешниҳодҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иборат мебошад. Ѓайр аз ин, раванди машваратҳои оммавӣ имконияти баланд бардоштани қабули санади меъёрии ҳуқуқиро ҳангоми гузаронидани машваратҳои оммавӣ доро мебошад.

Гузаронидани машваратҳои оммавӣ дар доираи экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ имконияти ба роҳбари гирифтани амалишавии принсипи ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятиро дар амал татбиқ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки машваратҳои оммавӣ имконияти ибрози озодонаи ақидаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдорро доир ба лоиҳаи пешниҳодшуда ва нақшаи таҳияи лоиҳа бо мақоми таҳиякунандаи лоиҳа муҳайё сохта, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва тарафҳои манфиатдор  дар робита ба лоиҳаи пешниҳодшуда доир ба баррасии андешаҳо ва муайян намудани таъсиррасонии оқибатҳои иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ҷонибҳои манфиатдор аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шаклҳои гунонгун ба роҳ монда мешавад. Мақсади асосии ҳамкории мақоми таҳиякунанда аз ҷалби тарафҳои манфиатдор дар раванди баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати таҳияи санад ва дар асоси ҳамдигарфаҳми ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Маҳз дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамкории тарафҳои манфиатдор бо мақомоти давлатӣ аз моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дарки пурраи мазмуну моҳияти муқаррароти мазкур дар дигар санади меъёрии ҳуқуқии ин самт инъикос ёфтааст.

Дар баробари ин, дар асоси моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқӣ муроҷиат намуданро дорад. Механизми ҳуқуқии амалишавии ҳуқуқҳои тарафҳои манфиатдор бо талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки ҳаққи муроҷиат намуданро дар шакли ариза, шикоят, пешниҳод ва таклиф оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳгардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа муқаррар намудааст . Дарки дурусти моҳияти муроҷиати тарафҳои манфиатдор аз ҳамкории он бо ниҳодҳои давлатӣ дар пайи амалишавии ҳуқуқҳои онҳо далолат медиҳад.

Дар асоси таъкидҳои болозикр, иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (тарафҳои манфиатдор) ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба воситаҳои гуногун бо ҳар шакли муқаррарнамудаи қонунгузорӣ танзим ёфтааст. Дар аввал, он ҳамчун як намуди экспертиза муайян шудааст, лекин дар асл, иштироки бевоситаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷалби онҳо дар ин раванд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Новобаста аз он, ки мақомоти ваколатдор ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷалби иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (тарафҳои манфиатдор) ҳангоми баррасии он гурӯҳхои корӣ таъсис дода мешаванд, лекин мақсади асосии он танҳо ҳалли мушкилоти мавҷуда бо роҳи осон ва камхароҷотро пешбинӣ намудан имконпазир мебошад. Ин имкониятро танҳо ҳангоми гузаронидани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор (тарафҳои манфиатдор) қонунгузор ба тариқи машваратҳои оммавӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, минбаъд иштироки онҳо бо мақсади хабардор намудани доираҳои тарафҳои манфиатдор доир ба нақшаҳои мақомоти давлатӣ оид ба танзимукунӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба машваратҳо оид ба ташаббусҳои дахлдор вобаста мебошад.

Дар баробари таъкидҳои болозикр, таҷриба нишон медиҳад, ки иштироки бевосита шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва тарафҳои манфиатдор дар машваратҳои оммавӣ омили муҳими дарки дурусти ҳалли мушкилот ва баланд бардоштани сифати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Амалӣ намудани машваратҳои оммавӣ бо иштироки бевосита шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва тарафҳои манфиатдор метавонад ба ҳадафҳои асосии таҳлили таъсири танзимкунӣ оварда расонад. Мувофиқи таҳлилҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд иштироки бевосита шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва тарафҳои манфиатдор дар машваратҳои оммавӣ ба баланд бардоштани сатҳи боварии қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли муқарраршуда ва кам кардани хароҷотҳои амалӣ оварда мерасонад.

Дар умум, аз таъкидҳои дар боло зикршуда, қайд карданиям, ки сатҳи таъсиррасонии машваратҳои оммавӣ дар раванди таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калидиро иҷро менамояд. Зеро, маҳз дар амалия матраҳ гардидаи машварати оммавӣ аз як ҷониб имкони ибрози бевоситаи андешаҳои тарафҳои манфиатдор  дар раванди таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳоро ба миён оварда, аз тарафи дигар, мумкин аст, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мукаммал гардида бо дарназардошти таклифҳои тарафҳои манфиатдор такмил дода мешавад. Ҳарчанд мақоми таҳиякунанда, ӯҳдадории масъулияти ҷойгир намудани андешаҳои тарафҳои манфиатдорро ҳангоми таҳияи лоиҳа ба зимма надорад, лекин ҳадафи асосии амали намудани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳои манфиатдор қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани падидаи таҳлили таъсири танзимкуниро ҳамчун як марҳилаи умедбахши фаъолияти шафффоф ва ошкоро, ки аз огоҳи ёфтани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати баланд бардоштани сифати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, баҳо кардан мумкин аст.

Зариф Умед Мирзомиддин

Бознашр аз www.adliya.tj