1 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Подшоҳии Нидерланд Нико Схермерсро мулоқот намудааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ва дурнамои густариши онҳо баррасӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар самти амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон, инчунин таҳдиду чолишҳои замони муосир аз қабили тағйирёбии иқлим ва пайомади онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин росто, баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.