Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Якумин «Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024» баргузор мешавад.
Аз 20 то 26 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд Якумин «Фестивал-намоишгохи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024» баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тартиби баргузории «Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024» чунин аст:
- шаҳри Душанбе 22-23 апрел, соати 9:00 то 17:00 дар «Маркази ЭКСПО — Душанбе»;
- шаҳри Бохтар 24 апрел, соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар»;
- шаҳри Хуҷанд 26 апрел, соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд».