Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии ҷилди 4-уми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” бахшида ба таҷлили “Рӯзи Пойтахт” доир гардид.
Дар ин рӯнамоии ҷилди 4-уми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” меҳмонону олимон, устодону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Ҳамоишро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, падидаи мазкурро дар остонаи таҷлили “Рӯзи пойтахт” туҳфаи арзишманд арзëбӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҷилди чоруми китоби “Душанбе-қалби Тоҷикистон” тамоми навгонӣ ва рушди Душанберо дар худ фаро гирифтааст, ки таваҷҷуҳи ҳар хонандаро бо ҳаводиси фарҳангию сиёсии худ ҷалб месозад.
Пардаев. М