Мизони газҳои гулхонаӣ дар атмосфераи замин ба сатҳи рекордӣ расид

Мизони газҳои гулхонаӣ дар атмосфераи замин ба сатҳи рекордӣ расид. Дар ин бора агентии иттилоотии ТАСС дар такя ба маълумоти Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфераи ИМА хабар медиҳад.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера афзоиш ёфтааст. Газҳои гулхонаӣ яке аз сабабҳои асосии гармшавии глобалӣ мебошанд. Ба андешаи олимону коршиносон дар сурати идома ёфтани ин ҳолат ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси сар задани офатҳои табиӣ мегардад. Махсусан, пиряхҳо об гардида, сатҳи оби дарёҳо баланд мегардад ва як қатор кишварҳо зери об мемонанд. СММ аз кишварҳои ҷаҳон дархост намудааст, ки ҷиҳати коҳиш додани партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера чораҳои зарурӣ андешанд.