5 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати мулоқот намудааст.
Дар ин бора сомона ВКХ хабар дода, менависад, ки зимни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон фаъолияти сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.