ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – ОСТОНА БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД

Санаи 2 апрели соли 2024 дар толори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Ширкати “Сомон Эйр”, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломотӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданад.

Роҳандозӣ намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осонтару қулайтар мекунад, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Инчунин, хатсайри мазкур барои ҷолибтар намудани имиҷи шаҳрҳои Душанбе ва Остона низ бо назардошти нақши ин шаҳрҳо ҳамчун пойтахтҳои ду кишвар ва дарвозаи асосии сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад парвозҳо ҳафтае як маротиба, рузҳои сешанбе анҷом дода мешавад.

Аз 19 апрел бошад, шумораи парвоҳо аз Душнабе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва Ҷумъа зиёд карда мешавад.

Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing

737-900 анҷом дода мешаванд.