1 апрел дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ноҳия дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ нақшаро 100 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ноҳия оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози ақида намуданд.
Дар ҳамоиш ба 15 ҷавон Шаҳодатномаи кафшергари барқӣ ва ба 73 аскари навдаъват Шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.