Дирӯз дар шаҳри Ваҳдат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабинии бошукӯҳ оғоз гардид.
Ба маълумоти сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Шодмон Раҳимов дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон зиёда аз 200 нафар бо хоҳиши худ ба комиссарияти ҳарбӣ омадаанд ва дар назар аст, ки ин чорабинӣ даъвати то анҷомёбии мавсим идома меёбад.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, падару модарон, собиқадорон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, даъватшудагонро бо расидан ба синни мардонагӣ, далерию ҷасурӣ таҳният гуфта, онҳоро ба ҳимояи якпорчагии Ватан ва хизмати содиқона ба он талқин намуданд.
Сурайё Баротова
радиои “Тоҷикистон”