“Фарҳанг оинаест, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ дар он акс меёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Хурофотпарастӣ –
Солҳо гузора мешаванду аз сари мо ва аз сари мардуми дунё рӯзгорон рад хоҳанд шуд. Инсонҳо аз сари олам мераванду ҷойи онҳоро насли дигари башар бо падидаҳои поза мегиранд. Дар ҳар сурат, корномаву қаҳрамониҳои афроди арсаҳои таърих дар катибаҳо ва ёду хотири мардум ва ҷаридаҳои таърих сабт хоҳанд шуд. Вале, имрӯз, ки мардумони гетӣ алорағми як идда ғояҳову афкору андешаҳои зишту нопок, бар муқобили тоифае аз манфиатҷӯёни бехираду беҳуввияту беасолат ҳамвора дар мубориза ҳастанд, насли бедору вораставу аҳли зиёро мебояд сари ин масъалаи тунду хатарзо аз ҳар замони дигар дида бофиртар андеша дошта бошанд, чун, нек медонем, ки суботу салоҳ, осоиштагиву оромиш ва сулҳу ваҳдат дар ҳар кишвару акнофи офоқ аз зеҳну тафаккур ва шуури рӯшани насли ҷавону ватандӯсташ бастагии ҳамешагӣ дорад. Ва ишқу алоқа ба меҳану модар низ аз кулвори ангошту пиндошти ҳар хонавода дар натиҷаи бардошти нек дар сиришти ҳар тани насли ояндасози миллат бедор мешавад.
Пешвои муаззами миллат низ аз ин бобат пайваста афкору назари вижа доранд, ки ин бор ҳам дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар басо ба ҷову ба маврид таъкид варзиданд, ки: “Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст“.
Ҳамчунин дар нуктаи дигари ҳамин суханрониашон сарвари давлат зикр доштанд, ки:
“Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад“.
Ин назари мунаққидона суфтаву санҷидашудаи Пешвои миллат моро дубора бар он водору ҳидоят месозад, ки аз хурофоту бегонапарастӣ ва падидаҳои беарзиши ҷаҳони имрӯз даст бикашем ва насли боҳуввияту эътиқодманд ба тамаддуну арзишҳои миллии хеш бошем.
Ифротгароӣ –
Дар муҳити як хонавода гоҳо сарҷамъу яксон кардани афкори ҳама фарзандон барои бархеи падару модарон, кори сахту сангинеро мемонад, ки натиҷаи ниҳоии он дур уфтодани онҳо аз ахлоқу андешаи солим ва кирдору амалҳои шоиставу боистаи инсонӣ хоҳад буд. Ин ки дар вартаи таззодҳову таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз насли наврас гир мешаванду сардаргум гирифтор, мушкилу сароғози ин ҳама бадбахтиҳо албатта хонавода, махсусан, падару модар дониста мешаванд. Агар сарфолу саркалони хонадон ашхоси вораставу донишманд ва бедору баҳуввият бошанду ҳамвора пеши фарзандон аз зишту бад будани ифроту фасод, дурӣ ҷӯстан аз равияҳои тунду беарзиш панд бихонанд, таъсири амиқе ба афкори навраси пурҳаваси ноогоҳ хоҳад расид. Марҳилаи аввалини ифрот зиёдахоҳӣ, бегонапарастӣ, дур уфтодан аз асолати миллӣ ва дингароӣ будааст.
Воқеан, ҳар ҳарфу сухану каломе, ки бар ин вохӯрии таърихӣ аз забони роҳбари муҳтарами давлат, фарди арсаи сиёсат, марди хирадкешу дурандеш шунида шуд, то даҳсолаҳои баъдӣ чун гавҳари суфта таъсиргузор хоҳад монд.
“Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем“. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
“Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст”.
Оре, ин гуфтаҳо мадраку далели бебаҳс доранд. Соли пор аз ҷониби сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ шоҳасари муқаддаси аллома Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” дар чопи нав ба ҳар хонаводаи тоҷик чун ҳадяи арзишманд эҳдо гардид. Дар Паёми соли 2023, ки охири моҳи декабр ироа гардид, Пешвои муҳтарами миллат боз ваъда доданд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Тус ҳазрати Фирдавсӣ низ чоп ва ба аҳли мардуми кишвар чун ширинкомаи маънавӣ тақдим карда мешавад.
Пас, аз ин ҳама ангошту андеша, як фарди вораставу соҳиби хираду заковату дониш бар ин хулоса мерасад, ки аз ҳама арзишҳои дигар дида, ҳифозату муқаддас донистани меҳан, модар, миллат ва осоиштагии давлат рисолату масъулияти дуболои азалӣ будааст, ки эҳтиромашон бо ҷон бояд аз тан берун биравад.
Дур бод хурофоту ифрот. Зинда бод Тоҷикистони обод…
Лутфуллои Азиз