Давоми 4-5 соли охир дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дигаргуниҳои беназир ба вуқуъ пайвастанд, ки ин аз таваҷҷуҳи баланди шаҳрдорӣ ба соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дарак медиҳад. Имрӯз пойтахт на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст.
Мояи фараҳмандии мо аст, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеяшро тадриҷан беҳтару мустаҳкам менамояд.
Бояд гуфт, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) дохил шуд. Ҳамон сол бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил гардид.
Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) барои муаррифӣ гардидани имконияти сайёҳии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт бештар ҷалб менамояд. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал мебошад. Он давоми солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфта, дар таҳкиму тақвияти нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.
АКС: «Dushanbe travel»