Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Маркази рушди зеҳнӣ” дар толори Кохи Суруш – и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни “100 чеҳраи муваффақ” баргузор гардид, ки ҳадаф аз таъсиси ин ҳамоиши сатҳи баланд дарёфти чеҳраҳои наву муваффақ дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.
Ғолибони озмуни мазкур аз рӯи ду категория вобаста ба 11 номинатсия муаян шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Нахуст ҷоизаи аввали ифтихорӣ ба Раиси МММО- ии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид. Сипас, аз рӯи наминатсияҳои “Илм ва маориф”, “Тарғиби ғояҳои миллӣ”, “Ҷавонон ва варзиш”, ” Ихтироъкориву барномасозӣ”, “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа “, “Соҳибкорӣ” “Журналистика” “Фарҳанг ва санъат”, Тибб” ва “Соҳибкорӣ” ғолибон Озмуни ” 100- чеҳраи муваффақ” бо мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз макони баргузории Озмуни мазкур иттилоъ дод.