Истифодабарии ангишт аз бисёр ҷиҳат муфид аст, аммо риоя накардани қоидаҳои бехатарии он боиси фалокат хоҳад шуд. Бояд донем, ки ҳангоми сӯхтани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металлҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи ангишт нисбати оқибатҳои манфии эҳтимолии он беаҳамият набошем.
– Дар бисёр ҳолат аҳолӣ аз печ (бохорӣ)-ҳои худсохти гармидиҳӣ истифода мебаранд, ки баъзан маврид ба талаботи бехатарӣ, ба хусус дар истифодаи ангишт ҷавобгӯй нестанд. Аз ҷумла дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) бештар ҳосил шуда, дар ҳолати мутобиқ набудани ҳавокаши печ қабати гази оксиди карбон ба дохили бино паҳн мешавад, ки ба саломатии инсон хеле хавфнок аст ва ҳатто ба марг оварда мерасонад.
Баъзан истифодаи ангиштро тариқи сандалиҳо низ ба роҳ мемонанд, ки ин хеле хатарнок аст. Лахчаи он гази карбон ихроҷ карда, дуди ғализ ба берун намеравад ва бошандагони он ҷойро ба зудӣ заҳролуд мекунад. Дар вақти мушоҳидаи чунин ҳолат ҳатман дар аввал бояд дару тирезаҳоро кушод. Умуман бояд донем, ки дар сандалиҳо истифодаи ангишт қатъиян мумкин нест, – мегӯяд Бахтиёр Раҳмонов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон.
Чуноне мусоҳиби мо гуфт бӯй ва ранги ин газ ноаён буда, паҳншавиашро пай бурдан душвор аст. Муддати тӯлонӣ дар муҳити аз меъёр зиёд мавҷудбудаи ин газ ҳузур доштани инсон боиси фалокат хоҳад шуд.
Тибқи таҳлилҳо беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнин дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намояд.
Чуноне Бахтиёр Раҳмонов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон таъкид дошт, барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт эмин будан зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои барои истифодаи ангишт мувофиқ истифода намуда, талаботи ҳавокашии қубури дудбаро ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза аз тирезаҳо таъмин карда шавад.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”