3 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз самими қалб Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик мегӯям.
Ба Шумо, дӯст ва бародари гиромӣ, саломатии комил ва дар иҷрои нақшаҳоятон ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Покистон, беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзамон таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои нави барҷаста орзумандам.
Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.
Боиси қанотмандист, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо бо такя ба ин анъанаҳои нек имрӯзҳо бемайлон рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд.
Зимни таъкиди рағбати пайвастаи инҷониб ба идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар пешбурди самарабахши ин раванд, бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват менамоям.
Бар он боварам, ки мо бо талошҳои муштараки минбаъда шарикии дарозмуддати кишварҳоямонро ба нафъи мардумонамон таҳкиму тавсеа хоҳем бахшид».