З0 ‑ юми сентябр ҳамасола дар кишвар рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 кашфиёти бузургеро ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд.
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар қатори дигар аз шоирони форсу тоҷик яке аз бузургтарин орифи асри 13 ба ҳисоб мервад. Падари Ҷалолиддини Балхӣ аслан аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ба гуфтаи адабиётшинос Мирзо Солеҳов Ҷалолиддини Балхӣ, қабл аз ҳуҷуми муғул, дар синни 14 солаги бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба шаҳрҳои Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, ва Осиёи миёна рафта, дар Куния иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ Султон Валад дар Куния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва мудате ба дарсгӯи машғул гардидааст. Адабиётшинос Мирзо Солеҳов иброз медорад, ки Ҷалолиддини Балхӣ соли 1224 бо орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ шиносоӣ пайдо намуд ва ин шиносоӣ боис он гардид, ки Мавлоно шеърҳои нисбатан баландмазмунро эҷод намудааст ва дар миёни 30 ҳазор шоирони замони худ мавқеи аввалро касб намудааст. Адабиётшинос Мирзо Солеҳов мегуяд, ки: “Ин фарқ кардан дар сатҳи баланди тафакури олии у дар сатҳи тафакури баланди ирфони адабӣ – ҳунарӣ аст. Мавлоно тақрибан дар сини 40 солагӣ ба шеъру шоирӣ рў овард, ҳамон вақте, ки ба устодаш Шамси Табрехӣ вохурд. Ӯ ягона касе аст, ки дар фахрияҳояш аз каломи ҳунарӣ ифтихор накардааст. Мавлоно мегӯяд, ки:
Шеър чӣ бошад пеши мо то, ки аз он шод шавам,
Ҳаст маро фанни дигар ғайри фунуни шуаро.
Аз инҷо маълум мегардад ҳунаре, ки Мавлоно дорад дар ин поя ба касе насиб накардааст”.
Адабиётшинос Мирзо Солеҳов иброз медорад, ки Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳамаи навъҳои адабӣ истифода намудааст ва бо ин тарз навгониҳои зиёди адабиро кашф намудааст. Ҳамчунин назми Мавлоно шахсро ба хаёли андеша мебарад. Роҷеъ ба ин хусусияти эҷодии Ҷалолиддини Балхӣ Мирзо Солеҳов гуфт, ки: “Ҳам куллиёти “Шамси Табрезӣ”, ки то 54 байтро дар бар мегирад ва ҳам “Маснавии Маънавӣ”, ки 25632 байти он боқӣ мондааст ҳардуи инро мутахассисони соҳа ду шоҳсутуни ҷовидони адабиёти форсу тоҷик номидаанд. Мавлоно ба кадом навъӣ адабӣ, ки рў биёрад, ҳатман дар он навъи адабӣ навгонӣ дорад, ки касро ба андеша водор месозад”.
Ҷалолиддини Балхӣ яке аз бузургтарин олимон ва шоирони аҳли тассавуф ба шумор мервад. Осори бегазанди ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфиро дар бар гирифтааст. Адабиётшинос Мирзо Солеҳов дар бораи «Маснавии маънавӣ» ‑и Ҷалолиддини Балхӣ чунин ақида дорад: “«Маснавии маънавӣ» – ро доктор Шафеъии Кадканӣ ҳаммосаи рўҳонии шарият ном мондааст ва ин чиз ҳануз дар асри шонздаҳ аз ҷониби ҳамкасбони ин бузургвор чунин баҳогузорӣ шудааст:
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Ман чӣ гӯям васфи он Олиҷаноб,
Нест пайғомбар вале дорад китоб.
Маснавиро ҳаркӣ хонад субҳу шом,
Оташи дўзах шавад бар ў ҳаром.
Донишмандони зиёд дар пайравӣ ба Мавлоно маснавихонӣ намудаанд, вале бо у ҳампанҷа нашудаанд. Ҳатто Амрико барин мамлакати пешрафта ин асарро китоби сол намуд ва чандин сол аст, ки “Маснавии маънавӣ” бо калонтарин нусха чоп карда мешавад. Аз назари мутахассисон ин ягона асаре аст, ки дорои 1284 мавзўъ мебошад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон зиёда аз 160 шарҳро барои ҷаҳониён пешкаш намудаанд”.
Эҷодиёти Мавлоно хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади оммафаҳм гардидани асарҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснави тамсилро истифода менамояд. «Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. 18 байти авали маснавӣ, ки бо номи «Найнома» шӯҳрат дорад, оғози зебоест, ки бо афкори амиқи ирфони мустанад шуда, хонандаро ба сӯи маснавӣ ҷалб мекунад ва тавассути он ҳикояҳо андешаҳои амиқи ирфониро баён медорад. Бино ба ақидаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адабиётшинос Мирзо Солеҳов Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ пайрави ақидахои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод девоне иншо кард бо номи девони Кабир ё худ девони Шамси Табрезӣ. Дар сарчашмахо ин девонро куллиёти Шамси Табрезӣ низ ном мебаранд. Куллиёти Шамс аз ғазалу касида ва рубои иборат буда, ғазал ва қасида бештар аз 70 ҳазор байт ва рубои бештар аз 1600 ададро ташкил медиҳад.
Нуралӣ Давлат
Радиои Тоҷикистон