Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол ҷамъбаст гардид. Баъди ин давр бошгоҳи «Манчестер Сити» дар зинаи 13-уми ҷадвал қарор гирифта, дастаи ««Лестер»» бо касби 9 –имтиёз садрнишини ҷадвал мебошад.
Бозии маркази ва ҷолибу тамошобоби даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол ин дидори дастаҳои «Ливерпул» – «Арсенал» ба ҳисоб мерафт. Бозии мазкур дар майдони “Энфилд” бидуни мухлис баргузор гардид. Қаҳрамони кунунии ин мусобиқа дар майдони худ хеле бозии олӣ нишон дод.
Аммо шогирдони Микел Артета низ талош карданд, ки ба муқобили тими «Ливерпул» истодагири кунанд. Нахуст шуда дар ин вохури ҳамлагари дастаи «Арсенал» дар дақиқаи 25-уми вохури ҳисоби бозиро кушод. Аммо шогирдони Юрген Клопп то анҷоми нимаи аввал ба дарвозаи дастаи меҳмонон ду голи ҷавобӣ заданд. Муалифи ин голҳо Садио Мане ва Робертсон гардиданд. Дар нимаи дуюми бози ҳамлагрони дастаи «Арсенал» ҳарчанд талош карданд, ки ҳисоби бозиро мусовӣ карда, аз рақиб ҳадди ақал як имтиёз ситонанд. Аммо ин ба онҳо иуйясар нагардид. Дар охирон дақиқаҳои бози бозингари дастаи «Ливерпул» Диогу Жота ба бози нуқтаи асоси гузошт. Ин бозингар голи сеюми ҳамдастаҳои худро зада ғалабаи комили тими худро таъмин намуд.
Тими “Астон Вилла” дар сафар дастаи «Фулхэм»-ро дар майдонаш бо ҳисоби 0:4 шикаст дод. Дастаҳои “Саутгептон” ва “Лидс” дар сафар рақибони худ тимҳои “Бёрнли” ва “Шеффилд Юнайтед”-ро шикаст доданд. Бошгоҳи «Тотенхэм» дар майдонаш дастаи Нюкасл вохури анҷом дода, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ҷамъбаст намуд. Дастаи “Манчестер Сити” дар майдонаш тими «Лестер»ро пазироӣ кард. Ҳарчанд шогирдони Хосеп Гвардиола дар ин сабқат нахуст шуда ҳисоби бозиро кушоданд. Аммо бо ҳисоби калон аз дастаи меҳмонон мағуб гардиданд. Дар дақиқаи 4-уми бози ҳамлагари дастаи “Манчестер Сити” Марез ҳисоби бозиро кушоданд. Аммо баъдан аз як голи дастаи соҳибони майдон бозингари дастаи «Лестер» Ҷейм Варди се голи ҷавобӣ зад. То анҷоми бози бозингарони дигари дастаи Мэдисон ва Тилеманс ду голи дигар зада ҳисоби тубҳои дастаи худро ба 5 расониданд. Аммо бозингарони дастаи “Манчестер Сити” як голи дигар зада ҳисоби бозиро 2:5 карданд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Лестер» дар зинаи якуми ҷадвал мавқеи худро мустаҳкамтар кард.
Тими Вест Хэм дар сафар дастаи “Вулверхэмптон”- ро тору мор кард. Ин даста рақиби худро дар майдонаш бо хисоби калон 4:0 мағлуб кард. Баъди чанд нобаробариҳои давр, ин давр дастаи “Манчестер Юнайтед” дар сафар бо дастаи “Брайтон” вориди майдон шуда, аз рақиби худро бо ҳисоби 2:3 шикаст дода, ғолиб омад. Шогирдони Карло Анчелоти дар се даври худ аз рақибони хеш пайваста имтиёз меситонанд.
Дар ин давр дастаи “Эвертон” дар сафар бо тими “Кристал Пэлас” вориди майдон шуда, дастаи соҳибони майдонро бо ҳисоби 1:2 шикаст доданд.
Рақобатии дастаҳои “Вест Бромвич” ва “Челси” бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт.
Саъдӣ Ғоибов
радиои “Тоҷикистон”