Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби агентӣ ягон маротиба мониторинги сомонаҳо гузаронида нашуда, дар назар аст, ки сомонаҳои тамоми мақомоти давлатии мамлакат аз санҷиш гузаронида шаванд. Дар ин хусус имрӯз Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар робита ба фаъолияти сомонаи ин ниҳод иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд. Ҳадаф аз таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудани Қоидаҳои ягона татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад.
Дар нишаст ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ саҳифаҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Китобхона», «Консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо», «Муроҷиатномаҳо», саҳифаи «Озмун дар мақомоти давлатӣ» ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумот оид ба ҷойҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
Тавре Директори агентӣ изҳор намуд, саҳифаи «Озмун дар мақомоти давлатӣ» аз серхонандатарин бахш дар сомона ба шумор рафта дар он ҳамарӯза эълонҳои нав гузошта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди хонандагони сомонаи Агентӣ то 1 январи соли 2024 беш аз 65 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.