ДМТ дар соли гузашта бо 40 мактаби олии дохилию хориҷӣ шартнома ва қарордодҳо бастааст

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуоти оид ба ҷамъбасти фаъоляти нимсолаи дуюми донишгоҳи мазкур дар соли 2023, баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо вобаста ба илму таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар доираи барномаи “Омузиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020 – 2030” дар ДМТ таълими 6 ихтисос пурра бо забони англисӣ ва 36 ихтисос пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро Сафармамад Сафармамадзода муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки соли 2023 ДМТ бо 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ бастааст, ки шумораи умумии онҳо 385 ададро ташкил дода, чунин ҳамкориҳо барои густариши сатҳи забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд. Ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода дар тақвияти ин гуфтаҳо чунин изҳори назар намуд:

Дар идомаи нишаст, Нуралӣ Собирзода муовини аввали ректор оид ба таълим қайд намуд, ки соли 2023 нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз руи 133 ихтисос 93 дар сад иҷро гардидааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки соли 2023 дар ДМТ боз 11 ихтисоси дигар ташкил карда шудааст, ки ин боиси зиёд гардидани шумораи донишҷӯён мегардад.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотии ДМТ гуфта шуд, ки ҳамасола 5 ҳазор донишҷӯ зинаи бакалаври ДМТ – ро хатм мекунанд. Соли 2023 нақшаи қабули донишҷӯён ба зинаи магистратура 750 нафарро ташкил дода, ҳамагӣ 753 нафар ба ин зина қабул гардидааст. Дар зинаи докторантура бошад аз 110 нафар нақшаи қабул ҳамагӣ 75 нафар дохил шудааст.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои Тоҷикистон