Имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагию манзилии коммуналӣ” иттилоъ дода шуд, ки дар самти таъминоти оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД Хоҷагию манзилию коммуналӣ таъминоти оби нушокиро ба истифодабарадагон ба миқдори 59 млн. 966 ҳазор метри мукааб расонида, 20 млн. 532, 7 ҳазор метри мукааб баровардани партовобҳои онҳоро таъмин намуданд.
Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз раванди нишасти хабарии ин ниҳод ба Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Инчунин дар рафти нишаст аз ҷониби масъулини ин ниҳод тазаккур дода шуд, ки дар соли сипаришудаи 2023 аз шумораи 10,2 млн. аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, яъне 6 млн. 741 676 нафар бо оби нушокии мутамарказонидашуда, таъмин мебошанд, ки ин нисбат ба соли 2018, 1 млн. 618 ҳазор нафар зиёд буд, суръати афзоиши он 6, 3 фоизро ташкил медиҳад.