Дар соли 2023 аз ҷониби Бойгонии Кумитаи телевизион ва радио 1213 фитта аз формати SP ва 569 фитта аз формати DVC ба рақамӣ баргардонида шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, илова шуд, ки кори арзишманде, ки соли гузашта дар бахши ба хазина гирифтан анҷом шудааст, ба компютер баргардонидани мавод аз фиттаҳои формати VHS мебошад.
Гуфта шуд, ки бо формати VHS 462 фитта нигоҳдорӣ мешавад ва дар соли 2023 маводи ин фиттаҳо ба рақамӣ баргардонида шудааст.