Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар ин хусус ҳамкорамон Ширин Тоҳирӣ аз донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ ректори Донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддинзимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки айни замон донишгоҳ беш аз 105 шартнома ва созишномаҳои ҳамкории дуҷониба бо донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар ва дохилиро ба имзо расонидааст.
Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 13 нафар хориҷиён ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамоянд.