Дар доираи бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Аморати муттаҳидаи Араб рақобат намуд.
Бозии дастаҳо дар майдони “Аҳмад бин Алӣ”-и шаҳри Давҳа баргузор гардида, бо ҳисоби 1:1 (5:3) ба нафъи футболбозони Тоҷикистон ба анҷом расид. Голи аввали бозиро ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 30 -ум ба самар расонида, ҳисоби бозиро кушод.
Вақти асосии қисмати дуюми бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Аммо дар дақиқаи панҷуми иловагии бозӣ бозингари тими АМА Ал-Ҳамадӣ бо голи задаи худ ҳисоби бозиро баробар кард.
Пас аз анҷоми вақтҳои иловагии бозӣ зарбаҳои ёздаҳметра таъин гардид, ки Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 АМА -ро мағлуб кард. Бояд гуфт, ки воқеан ҳам футболбозони Тоҷикистон тавонистанд, ки аз худ маҳорати баланд нишон диҳанд.
Акнун тими миллии Тоҷикистон роҳашро барои идомаи мусобиқот ҳамвор намуд.