Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ шуд

17 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар доираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ гардидааст.

Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, платформаи мазкур барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи хизматрасонӣ ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ аҳамияти воло дорад.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст, дар ҷумҳурӣ барои ҳамгироии низоми ягонаи фармоишидиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ Платформаи рақамии сайёҳӣ таҳия гардид.

Дар кори чорабинӣ, таҳиягарон платформаи мазкурро пурра муаррифӣ намуда, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ба вижа ширкатҳои сайёҳӣ барои ҳамкорӣ дар истифодаи низоми мазкур даъват гардиданд.