Таъсиси факултети муштараки ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бо Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Гумилёв

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Гумилёв факултети муштарак фаъолият менамояд. Ин факултети байнамилалӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон (3-4 майи соли 2023)  таъсис ёфтааст.

Дар факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Информатика (самти омӯзгорӣ)», «Маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо» ва «Системаҳои бехатарии иттилоотӣ» мутахассисон омда карда мешаванд.

Тибқи қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2023 иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар доираи ихтисосҳои «6В01511 – Информатика (самти маориф)», «6B06109 – Маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо» ва «6В06306 – Системаҳои бехатарии иттилоотӣ» низ дастрас гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 13-14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳайати Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Гумилёв ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварда буданд.

Ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд. Ҳамчунин,  дар мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Қудрат Давлатзода бо меҳмонон масъалаҳои  таҳкими ҳамкориҳо дар самти омода намудани муҳандисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, рушди иқтидори илмии донишгоҳ, муаррифии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкили барномаҳои якҷояи таълимӣ дар самти технологияи информатсионӣ ва таҳсил дар зинаи аспирантура мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Акнун дар заминаи факултети муштарак донишҷӯён имкон доранд, ки аз рӯйи ихтисосҳои номбурда ду сол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  ва ду соли дигар дар  Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар самти равобити байналмилалӣ, аз ҷумла ташкилоту муссисаҳои олии хориҷӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар самтҳои мухталиф созишномаҳои нави хамкорӣ ба имзо мерасонад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани  кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонҳои соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад. Дар ин муассисаи олӣ  аз рӯйи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон, технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ омода карда мешаванд.