18-уми январи соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии радиои «Садои Душанбе» ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумита, меҳмонон ва кормандони зерсохтроиҳои Кумита иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тамоми кормандон ва иштикордорони ҷамъомадро ба ин рӯзи муҳим табрик намуда, аз ҷойгоҳ ва дастовардҳои радиои «Садои Душанбе» дар замони Истиқлол ёдовар гардид. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватан Кумитаи телевизион ва радио баҳри дастрасии мардум ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва сифати баланди пахши барномаҳо ҳамвора кўшиш ба харҷ медиҳад. Талаботи аҳли ҷомеа низ дар ин самт ба хусус радиошунавонӣ рўз то рўз меафзояд. Мардуми дурдасттарин минтақаҳои мамлакат барои шунидани радио ниёз доранд. Радио дар ҳамаи давру замон новобаста ба шароитҳои баамаломада ягона воситаи иттилоърасонӣ, рўҳбаландсозӣ, таскинбахшӣ ва фароғатӣ мебошад. Радио дар ҳақиқат воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
“Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрўз пайи иҷрои рисолати асосии худ – расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, қарор доранд. Шабакаи сартосарии «Садои Душанбе» дар низоми радиои тоҷик таҳаввулоти бузурги сохториву муҳтаворо ба миён овард. Имрўз «Садои Душанбе» ба як дастгоҳи идеологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мубаддал гардидааст”, – иброз дошт раиси Кумита Нуриддин Саид.
Ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз чанд нафар корманди радиои «Садои Душанбе» бо нишони “Аълочии телевизион ва радио”, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, туҳфаҳои Иттиҳодияи иттифоққи касабаи кормандони Кумита, ифтихорнома ва сипосномаҳои вазорату ташкилотҳо қадрдонӣ гардидаанд.
Ҷамъомад бо барномаи фарҳангии омода намудаи дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва раидиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.