Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) дар Тоҷикистон

12 январи соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) дар Душанбе Ангелика Шоппро бинобар анҷом ёфтани фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан Намояндаи навтаъйини ICRC дар Тоҷикистон Пиэр Эманнуэл Дукруе муаррифӣ шуд.

Роҳбари Намояндагии ICRC дар Тоҷикистон миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалигардидани барномаҳои башардӯстонаи он дар кишвар изҳор намуд.