Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато бо роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд мулоқот намуд

15-уми январи соли 2024 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Р.Бобохонзода бо роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд Ибраҳим Алӣ Шукрӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла иштироки бонки мазкур дар лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.