ИСЛАНДИЯ: ХУРУҶИ ВУЛҚОН БОИСИ РЕХТАНИ ГУДОЗА БА БОЛОИ ШАҲР ГАРДИД

Дар ҷанубу ғарби Исландия оташфишонии шадиди вулқон оғоз шуд, хабар медиҳад 24KZ. Сокинони шахри Гриндавик ва деҳаҳои наздиктарин ба ҷойҳои дигар кучонида шуданд. Ба иттилои хадамоти ҳавошиносии маҳаллӣ, лава аллакай ба масофаи тақрибан 500 метр то марзи шимолии шаҳр расидааст. Дар натиҷа шаҳрҳо хароб шуданд. Аввалин биноҳои истиқоматӣ оташ гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ин дуввумин хуруҷи вулқон дар як моҳи охир аст. Моҳи ноябри соли гузашта низ дар ин минтақа бинобар сабаби хуруҷи вулқон вазъияти изтирорӣ эълон шуда буд. Пас аз он дар Гриндавик пас аз як силсила ларзишҳо дар замин тарқишҳо пайдо шуданд.