Дар гузориши нави СММ омадааст, ки нисфи аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашад, ки ин ҳолат пеш аз ҳама ба камшавии обанборҳо ва тағйирёбии иқлим вобастагӣ дорад.
Дар гузориши созмони мазкур омадааст, ки ин тамоюл асосан дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ, Америкаи Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ, Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик мушоҳида мешавад. Бо гарм шудани сайёра, минтақаҳои вобаста ба барф ба талафоти бештари об дучор хоҳанд шуд. Дар як тадқиқоти нав олимон муайян карданд, ки дар ҳар 10 сол миқдори барф аз 10 то 20% кам мешавад.
Коршиносон 160 ҳавзаи дарёҳои нимкураи шимолиро мавриди пажуҳиш қарор дода, муайян кардаанд, ки обшавии барф дар ҳоле суръат мегирад, ки ҳарорати миёнаи зимистон аз 8 дараҷа боло бошад. Ҳамзамон олимону иқлимшиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 84 дарсади заминҳои корами ҷаҳон аз норасоии об танқисӣ мекашанд, ки боиси баланд шудани арзиши аслии махсулоти хочагии кишлок мегардад.