Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон аз 12 то 16-уми январи соли равон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест.
Сокинони минтақаро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.
Бачаҳои худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.