Бино ба маълумоти Маркази сейсмологии Аврупои Миёназамин (EMSC) имрӯз (11-уми январ) дар Афғонистон заминларзаи шадид бо қувваи 6,4 дараҷа рух дод.
Заминларза дар 160-километрии ҷанубии шаҳри Қундуз, ки дорои 161 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад ба қайд гирифта шуда, умқи 201 километр воқеъ будааст. Дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон заминларза эҳсос шудааст.
Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, қувваи зилзила дар маркази зилзила 5 балл, дар қаламрави ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашти ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе 3 балл ва дар вилояти Суғд 2 баллро ташкил додааст.
“Масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти ҷанубу шарқӣ 517 километрро ташкил медиҳад”, — гуфта мешавад дар хабари маркази мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Шиддати заминларза дар қаламрави Узбакистон дар Тошканд ва ҳашт вилояти дигари кишвар 2 баллро ташкил додааст. Бино ба иттилоъи стансияи сейсмикии ҶДММ «СОМЕ»-и Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, заминларза дар Афғонистонро сокинони Чимкент ва вилояти Ҷамбул низ эҳсос кардаанд.