11 январи соли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пошоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо дабири кулли Фонди давлатии сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Саъд Ал-Круд баргузор гардидааст.
Ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ҷалби сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бахшҳои энергияи сабз ва истихроҷи маъдан баррасӣ шуданд.