Бо даъват гардидан ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷавонписарон курси кӯтоҳмуддати наваскариро дар доираи барномаҳои таълмии пешбинигардида ба ин давр аз худ карда, пас аз қабул намудани Савганди ҳарбӣ онҳо ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ хусусияту таъйиноти силоҳу муҳиммот ва техникаҳои ҷангиро аз худ менамоянд ва давра ба давра ба машғулиятҳои амалии тактикӣ ҷалб карда мешаванд.
Ба иттилои Вазорати мудофиа дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар минтақаи Рашт аллакай ин гуна курсҳои таълимӣ ба поён расидааст ва ҳайати шахсии сарбозоне, ки дар даъвати навбатӣ шомили ҷузъу томи Артиши миллӣ гардидаанд, вобаста ба ӯҳдадориву таъйиноти хизматии хеш ҳамчун десанти кӯҳӣ машғулиятҳои гуногунро аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ аз худ менамоянд.
Сарбозон тибқи машғулиятҳои таълимии ба онҳо пешбинигардида ба омўзиши хусусиятҳои тактикиву ҷангии силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ҷалб шуда, техникаҳои ҳарбиро дар шароити кӯҳистон аз худ менамоянд.
Мутахассисони хурди низомӣ бошанд, вазифаҳои хизматӣ ва роҳу воситаҳои истифода аз ин навъ аслиҳаи ҷангиро хуб аз худ намудаанд ва барои иҷрои ҳама амру супоришҳо доимо омода мебошанд.
Онҳо дар заминаи чунин донишу таҷрибаи баланди низомӣ борҳо зимни баргузории машқҳои мухталифи ҳарбӣ, баромадҳои саҳроӣ ва дигар ҷамъомадҳои низомӣ иштирок намуда, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо бо нишондодҳои хубу назаррас, амалан иҷро намудаанд.
Гурӯҳи дигари сарбозони ин қисми ҳарбӣ бошанд нахустрӯзҳои хизмати масъулиятноки худро дар ҳайати гурӯҳи чорабиниҳои махсуси қисми ҳарбӣ пеш бурда, муҳорибаҳои омехтаи ҳимояи худ ва задухӯрдҳои тан ба танро аз худ менамоянд.
Афсарони ҷавон сарбозонро бо усулҳои шарқӣ ва аз рӯйи барномаҳои махсуси таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта, аҳамияти онро меомӯзонанд ва дар муддати муайяни таълимӣ онҳоро барои ҳимояи худ аз чунин муҳорибаҳо омода менамоянд. Яъне, интихоб ва ҷалби сарбозон ба ин ҳайат низ тибқи талабот ва дар асоси меъёрҳои тактикиву варзишӣ роҳандозӣ карда мешавад. Зеро, он аз ҳар як иштирокчии муҳориба пеш аз ҳама чустучолокӣ, дасту бозӯи қавӣ ва дигар хусусиятҳои хоси десантро талаб менамояд, ки он бояд санҷидашуда ва амалан такмилёфта бошад.
Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ дар қисми ҳарбии болозикр низ пайваста тамринҳои сафӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад, ки зимни он гурӯҳи тактикии қисми низомӣ роҳу усулҳои гуногуни ҳифз ва мудофиаи шаҳракҳои ҳарбиро амалан роҳандозӣ менамоянд.
Воқеан, сатҳи баланди касбии ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ аз шароиту имкониятҳои хуби хизматӣ дарак медиҳад, ки дар заминаи дастгириву таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, дар ин қисми низомии минтақаи дурдасту баландкўҳи кишвар фароҳам оварда шудааст.
Умуман, қайд кардан ба маврид аст, ки шароиту имкониятҳои хизматие, ки имрӯз дар сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ фароҳам оварда шудааст, он ба ҷавонони сарбози диёр имкони хуб аст, то ки донишу малакаи худро такмил дода, дар ин мактаби таълиму тарбияи ҳаёт сабақи бузурги мардонагӣ ва ватандориву хештаншиносӣ гиранд.