Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Қатар

27 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо фиристодаи вежаи Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар дар амри мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ барои ҳалли низоъҳо ҷаноби Файсал бин Абдуллоҳ ал-Ҳинзоб мулоқот намудааст.

Тавре саҳифаи фейсбукии Сафоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон ҷаноби Файсал ал-Ҳинзобро ба муносибати таъйинаш ба ин мақоми баланд табрик гуфта омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории самаранок дар ҷиҳати мубориза бар зидди чолишҳои замони муосир иброз намудааст.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи мавзӯҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои татбиқи минбаъдаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” табодули назар карданд.