Аз 26 то 29 декабр дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин хусус Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаааст.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии дастовардҳои илмию фаннӣ, маҳсулоти беш аз 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо мебошад.
Соҳибкорони Тоҷикистон, ки ин намоишгоҳро тамошо менамоянд, имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро бо намояндагони ширкатҳои эронӣ ба даст меоранд. Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз истеҳсолкунандагони эронӣ молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.