Размикори тоҷик Фаридун Одилов дар Лигаи AСA 168 дар шаҳри Маскав барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқа бо Михаил Мохнаткини рус нерӯсанҷӣ кард.
Тавре ТВ “Варзиш” хабар медиҳад, нерӯсанҷии ин ду размикор дар оғоз бисёр тезу тунд ҷараён гирифт. Дар ҷараёни мубориза размикори мо аз худ дарак медод ва бештар зарбаҳои ҳадафрас дошт. Ҳамин буд, ки дар раунди сеюм Фаридун тавонист, ки бо нокаути техникӣ зафар ёбад ва роҳашро ба финали Лигаи ACA ҳамвор намояд.
Барои Фаридун ин пирӯзӣ 18-ум дар 22 набард буд. Михаил Мохнаткин аз 23 рақобат бори 6-ум мағлуб шуд. Дар финали мусобиқот Фаридун бо ғолиби ҷуфти Леонардо Силваи бразилӣ ва Адлан Ибрагимови рус қувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин мусобиқа размикори дигари тоҷик Анис Ёқубов (8-1) дар 25 сония муқобили Иброҳим Шоимов (4-1) аз Ӯзбекистон зафар ёфт.